Дар се ҷамоати деҳоти Шуғнон Маркази омӯзиши ҷавонон таъсис меёбад
ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои таъсиси 3 Маркази омӯзиши ҷавонон дар ноҳияи Шуғнон навсозӣ ва таъмири асосии биноҳои Ҷамоати деҳоти М.Ширинҷонов, Маркази таҳсилоти таълимии иловагӣ дар деҳаи Кушки Ҷамоати деҳоти Поршинев ва бинои дуошёнаи Маркази омӯзиши калонсолон дар шаҳраки Ваҳдат дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ва Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд»,-афзуд манбаъ.
Тибқи ёддошти мазкур, дар заминаи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бо мақсади мусоидат намудан ҷиҳати иштироки фаъоли аҳолӣ дар худидоракунии маҳаллӣ татбиқ карда мешавад.
Лоиҳаи мазкур баҳри беҳтар гардонидани сифати инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷамоатҳои деҳот, инчунин васеъ намудани доираи имконият ва сарчашмаҳои воситаҳо барои зиндагии ҷавонон дар ҳудуди ҷамоатҳои фарогири лоиҳа равона гардидааст.








Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






