Дар се ҷамоати деҳоти Шуғнон Маркази омӯзиши ҷавонон таъсис меёбад

Февраль 18, 2021 14:22

ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои  таъсиси 3  Маркази омӯзиши ҷавонон дар ноҳияи Шуғнон навсозӣ ва таъмири асосии биноҳои Ҷамоати деҳоти М.Ширинҷонов, Маркази таҳсилоти таълимии иловагӣ  дар деҳаи Кушки Ҷамоати деҳоти Поршинев ва  бинои дуошёнаи Маркази омӯзиши калонсолон дар шаҳраки Ваҳдат  дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ба  АМИТ «Ховар» хабар  доданд.

«Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд байни  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон  ва Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд»,-афзуд манбаъ.

Тибқи ёддошти мазкур, дар заминаи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бо мақсади мусоидат намудан ҷиҳати иштироки фаъоли аҳолӣ дар худидоракунии маҳаллӣ татбиқ карда мешавад.

Лоиҳаи мазкур баҳри беҳтар гардонидани сифати инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷамоатҳои деҳот, инчунин васеъ намудани доираи имконият ва сарчашмаҳои воситаҳо барои зиндагии ҷавонон дар ҳудуди ҷамоатҳои фарогири лоиҳа равона гардидааст.

Февраль 18, 2021 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид