Дар Суғд ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо заминаи моддию техникӣ таъминанд

Февраль 23, 2021 11:10

ДУШАНБЕ, 23.02.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Дар вилояти Суғд ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо заминаи моддию техникӣ таъмин гардида, барои фароҳам овардани шароити муносиби зиндагию фаъолияти ҳайати шахсии онҳо корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Дар ин замина, ҷиҳати ташкил намудани хоҷагиҳои ёрирасон ба ҷузъу томҳои Гарнизони Суғд қитъаҳои замин ҷудо ва вобаста карда шуда, ҷиҳати бо манзили истиқоматӣ таъмин намудани афсарону прапоршикон дар маҳалли хизмат низ тадбирҳои судманд андешида шуданд. Ин нуктаро дар ҷамъомади тантанавӣ, ки 22 феврал дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдак ба муносибати Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баён дошт.

Мавсуф иброз намуд, ки  Қувваҳои мусаллаҳ бо вуҷуди мушкилоти зиёде, ки тўли солҳои аввали истиқлол дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷой доштанд, тадриҷан ба неруи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтанд.

Раиси вилоят зикр намуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати беҳтар намудани пойгоҳи моддӣ-техникии қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилоят ғамхории доимӣ зоҳир намуда, баҳри беҳтар намудани шароити хизмат тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд. Тадриҷан беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ боиси рўз аз рўз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегардад.

Зикр гардид, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳем. Зеро таҳаввулоту ҳодисаҳои харобиовари солҳои охири сайёра, аз ҷумла вусъати таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон моро водор месозанд, ки ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои мусаллаҳ минбаъд низ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда, иқтидори мудофиавии мамлакатро бо истифода аз тамоми захираву имконият пайгирона тақвият бахшем.

Дар ҷараёни ҳамоиш як гурӯҳ афсарону сарбозон барои хизмати содиқона, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ба муносибати 28-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонида шуданд.

Февраль 23, 2021 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад