Дар Урузгон бар асари таркиш чаҳор низомии афғон кушта ва се тани дигар маҷрӯҳ шуданд
ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/ Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Урузгони Афғонистон мегӯянд, ки бар асари таркиши автомашинаи бомбагузоришуда дар маркази ин вилоят 4 низомии афғон кушта ва се нафари дигар захмӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи “Садои Амрико” дар Афғонистон www.darivoa.com.
Волии вилоят Муҳаммад Умар Шерзод рӯзи чаҳоршанбе (4 феврал) ба “Садои Амрико” гуфт, ки як маргталаб бо истифода аз автомашинаи пур аз маводи тарканда пойгоҳи муштараки низомиёни афғонро дар минтақаи Чинорак ҳадафи ҳамлаи худ қарор додааст.
Ҷаноби Ширзод афзуд, ки пас аз таркиш неруҳои иловагӣ ба ҷойи ҳодиса фиристода шуданд ва нагузоштанд, ки пойгоҳ суқут кунад.
Дар ҳамин ҳол, як мақоми амниятӣ дар Урузгон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ба “Садои Амрико” гуфт, ки дар натиҷаи таркиш ҳафт хизматчии низомӣ кушта ва панҷ тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Мақомоти маҳаллӣ дар ин вилоят “Толибон” -ро (мамнуъ дар Тоҷикистон) дар ин инфиҷор масъул медонанд, аммо ин гурӯҳ ҳанӯз изҳори назар накардааст.








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






