Дар Урузгон бар асари таркиш чаҳор низомии афғон кушта ва се тани дигар маҷрӯҳ шуданд

Февраль 4, 2021 10:43

ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/ Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Урузгони Афғонистон мегӯянд, ки бар асари таркиши автомашинаи бомбагузоришуда дар маркази ин вилоят 4 низомии афғон кушта ва  се нафари дигар захмӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи “Садои Амрико” дар Афғонистон www.darivoa.com.

 Волии вилоят Муҳаммад Умар Шерзод рӯзи чаҳоршанбе (4 феврал) ба “Садои Амрико” гуфт, ки як маргталаб бо истифода аз автомашинаи пур аз маводи тарканда пойгоҳи муштараки низомиёни афғонро дар минтақаи Чинорак ҳадафи ҳамлаи худ қарор додааст.

Ҷаноби Ширзод афзуд, ки пас аз таркиш неруҳои иловагӣ ба ҷойи ҳодиса фиристода шуданд ва нагузоштанд, ки пойгоҳ суқут кунад.

Дар ҳамин ҳол, як мақоми амниятӣ дар Урузгон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ба “Садои Амрико” гуфт, ки дар натиҷаи таркиш ҳафт хизматчии низомӣ кушта ва панҷ тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Мақомоти маҳаллӣ дар ин вилоят “Толибон” -ро (мамнуъ дар Тоҷикистон) дар ин инфиҷор масъул медонанд, аммо ин гурӯҳ ҳанӯз изҳори назар накардааст.

Февраль 4, 2021 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид