Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рейтинги навшудаи ФИФА дар мақоми 120-ум қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) бори аввал дар соли нав рейтинги дастаҳои миллиро нашр кард. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар он ҷои 120-умро мегирад. Командаи мо 1144 хол дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар моҳи равон бо дастаи миллии Урдун (0:2, 1:0), ки дар Дубай баргузор шуда буданд, ду бозии дӯстона анҷом дод.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии навбатии худро бо дастаи Муғулистон дар даври ҳафтуми марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии 2022 дар гурӯҳи «F» анҷом медиҳад. Вохӯрӣ 25 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе, соати 18:00 оғоз меёбад.
АКСИ ФФТ








Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад






