ФУТБОЛ. КМВА охирин иштирокчии даври ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 аз минтақаи Душанбе муайян шуд

Февраль 5, 2021 09:29

ДУШАНБЕ, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Охирин финалисти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи пешакии минтақаи Душанбе муайян гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2021 дар минтақаи Душанбе 4 феврал бозиҳои охирин дар гурӯҳи «А» баргузор гардиданд. КМВА бо «Регар-ТадАЗ» бозияшро мусовӣ- 2:2 ба анҷом расонид, «Локомотив-Помир» дастаи  «Шоҳмансур»-ро бо ҳисоби 5:2 мағлуб намуд.

Ҳамин тариқ, аз гурӯҳи «А» ба қисми ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 «Регар-ТадАЗ» ва КМВА баромаданд. Ду иштирокчии дигари қисми ниҳоӣ дастаҳои «Истиқлол» ва «Барқчӣ» гаштанд, ки дар гурӯҳӣ «Б» дар марҳилаи муқаддамотӣ бозӣ карданд.

Вилояти Хатлонро дар даври ниҳоии мусобиқаи Ҷоми Федератсия-2021 дастаҳои «Хатлон»-и Бохтар ва «Равшан»-и Кӯлоб муаррифӣ менамоянд. Аз вилояти Суғд дастаҳои «Эсхата-2» ва «Мастчоҳ» дар даври ниҳоӣ баромад мекунанд.

АКС аз ФФТ

Февраль 5, 2021 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад