ФУТБОЛ. КМВА охирин иштирокчии даври ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 аз минтақаи Душанбе муайян шуд
ДУШАНБЕ, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Охирин финалисти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи пешакии минтақаи Душанбе муайян гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2021 дар минтақаи Душанбе 4 феврал бозиҳои охирин дар гурӯҳи «А» баргузор гардиданд. КМВА бо «Регар-ТадАЗ» бозияшро мусовӣ- 2:2 ба анҷом расонид, «Локомотив-Помир» дастаи «Шоҳмансур»-ро бо ҳисоби 5:2 мағлуб намуд.
Ҳамин тариқ, аз гурӯҳи «А» ба қисми ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 «Регар-ТадАЗ» ва КМВА баромаданд. Ду иштирокчии дигари қисми ниҳоӣ дастаҳои «Истиқлол» ва «Барқчӣ» гаштанд, ки дар гурӯҳӣ «Б» дар марҳилаи муқаддамотӣ бозӣ карданд.
Вилояти Хатлонро дар даври ниҳоии мусобиқаи Ҷоми Федератсия-2021 дастаҳои «Хатлон»-и Бохтар ва «Равшан»-и Кӯлоб муаррифӣ менамоянд. Аз вилояти Суғд дастаҳои «Эсхата-2» ва «Мастчоҳ» дар даври ниҳоӣ баромад мекунанд.
АКС аз ФФТ








Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид






