Футболбози тоҷик Фарҳод Восиев ба дастаи «Тамбов», ки дар Премйер-лигаи Россия баромад мекунад, гузашт

Февраль 22, 2021 16:10

ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Футболбози 30-солаи дастаи  мунтахаби Тоҷикистон   Фарҳод Восиев бо дастаи  футболи  «Тамбов», ки дар Премйер-лигаи Россия баромад мекунад, қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳоло дастаи нави Фарҳод Восиев баъди 19 рақобат бо касби 13 хол дар зинаи 16-уми ҷадвали Премйер-лигаи Россия қарор дорад.

Қаблан Фарҳод Восиев дар дастаҳои футболи  КМВА-и шаҳри Душанбе, «Сатурн», «Криля Советов», «Жемчужина-Сочи», «Шинник», «Волгар», «Оренбург», «Тюмен» «Нефтехимик» ва «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе  ҳунарнамоӣ кардааст.

Февраль 22, 2021 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд