ХАБАРИ ХУШ! Шумораи ҳолатҳои нави сироятёбӣ аз COVID-19 дар ҷаҳон се ҳафта боз пай дар пай коҳиш меёбад
ДУШАНБЕ, 02.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳолатҳои нави сироятёбӣ бо COVID-19 дар ҷаҳон се ҳафта боз пай дар пай коҳиш меёбад. Дар ин бора 1 феврал зимни брифинг дар Женева Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Се ҳафта боз пай дар пай теъдоди ҳолатҳои нави сироятёбӣ аз COVID-19 дар ҷаҳон коҳиш меёбад», — гуфт Тедрос Аданом Гебрейесус. Ва ӯ ин хабарро умедворкунанда номид. Ин нишон медиҳад, ки вирусро ҳатто бо мавҷудияти намудҳои нави он, ки ҳоло дар гардишанд, назорат кардан мумкин аст.
Ин нишони он аст, ки бо идома додани чораҳои зиддивирусӣ ба пешгирии паҳншавии сироятёбӣ муваффақ шудан мумкин аст, зикр намуд роҳбари СУТ.
АКС аз манобеи озод








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






