«КИТОБ – РАВШАНИИ ХОНАДОН!». Дар Хоруғ бо ширкати омӯзгорону хонандагон конференсияи илмӣ-адабӣ баргузор гардид
ХОРУҒ, 07.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ба номи Сайфулло Абдуллоеви шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо китобхонаи шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ таҳти унвони «Китоб-равшании хонадон» бо ширкати хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр конференсияи илмӣ-адабӣ баргузор гардид.
Мақсади конференсияи мазкур аз баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарки мафҳуму моҳияти асаре, ки кӯдакону наврасон мутолиа мекунанд ва ғанӣ гардонидани захираи луғавии онҳо иборат буд.
Ба гуфтаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ Атобеки Шукурбек, «пас аз озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ширкати ҳам хурдсолон ва ҳам калонсолон баргузор гардид, шавқу ҳаваси кӯдакону наврасон нисбат ба китобхонӣ боз ҳам бештар гардид. Назар ба иттилои масъулини китобхонаҳои шаҳрию вилоятӣ теъдоди аъзои онҳо дар як соли охир ба маротиб афзоиш ёфтааст. Воқеан озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар ба намоиш гузошта шуд, бори дигар собит намуд, ки кӯдакону наврасони мо истеъдоди фавқулода доранд. Омӯзгорону волидон ва марказҳои иловагии омӯзиширо зарур аст, ки чунин истеъдодҳоро сари вақт кашф ва барои боз ҳам такмилу сайқал додани донишу маҳораташон талош намоянд. Пешвои миллат дастур доданд, ки ғолибони озмунро бо интихоби худашон бидуни имтиҳон ба муассисаҳои олӣ қабул намуда, барои минбаъд боло бурдани ҳавасандии омӯзгорону волидон барояшон кумакҳои моддию маънавӣ расонида шаванд».
Роҳбари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и шаҳр Гулбахт Ғалчабекова дар конференсияи адабӣ аз шогирдони худ даъват намуд, ки ҳаргиз китобро сарсарӣ мутолиа накунанд, балки ба умқи андешаву афкор ва мақсаду мароми нависанда фурӯ раванд. Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бори дигар таъкид доштанд, ки «чунин тадбирҳо барои баланд бардоштани саводу маърифатнокӣ, ҳисси милливу ҳувияти миллӣ, омӯзиши забону таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон нақши муассир мегузоранд».
Дар толор асарҳои Пешвои миллат, шоирону нависандагони классику муосир ба намоиш гузошта шуданд. Пас аз тамошои китоб ҳунармандони навраси муассисаҳои таълимии шаҳр барои иштирокдорони конфронси илмию адабӣ саҳначаи «Китоб- дӯсти ҷонии ман»-ро ба намоиш гузоштанд.









Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






