Корманди Вазорати адлия бо талаби маблағ барои иваз намудани ҷазои ҷиноятӣ дастгир гардид
ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Собиров Абдумаҷид Холмирзоевич дар вазифаи нозири Шуъбаи корҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ) кор карда, бо истифодаи мақоми хизматӣ барои мусоидат кардан дар таъйини ҷазои сабуктар нисбат ба шаҳрванд «А», ки парвандаи ҷиноятии ӯ дар суди ноҳияи Шаҳринав мавриди баррасӣ қарор дошт, аз охирин маблағи 10000 сомонӣ талаб карда гирифта, боз оварда додани 8000 сомонии дигарро талаб намуд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ 21 июли соли 2020 А.Собиров баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани 8000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.
Дар ин асос нисбат ба А.Собиров бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






