Маҷаллаи «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври ранга ба табъ расид

Февраль 23, 2021 10:00

ДУШАНБЕ, 23.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи иди матбуоти касбӣ, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11 март ҷашн гирифта мешавад, бо ташаббуси Роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Мизроб Кабиров нашрияи расмии ин мақоми олии қонунбарор- «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бори аввал ба таври ранга аз чоп баромад.

Ёдовар мешавем, ки якумин шумораи маҷаллаи мазкур моҳи январи соли 1939 ба дасти хонандагон расонида шудааст. То моҳи сентябри соли 1991 маҷалла бо номи «Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ведомстҳои Шӯрои Олии ҶШС (Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон) аз чоп мебаромад. Аз соли 1946 инҷониб маҷалла моҳе як маротиба, солона 12 шумора ба забонҳои тоҷикию ӯзбекиву русӣ ба табъ мерасид. Аз моҳи декабри соли 1999 маҷалла танҳо бо забонҳои тоҷикию русӣ аз чоп мебарояд.

Тавре сардори Раёсати технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, таҳрир ва нашри  дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Шарифбек Салимов ва мудири бахши чопи стенограмма ва маҷаллаи «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — и раёсати мазкур Абдуқодир Сабзов иброз намуданд, дар маҷаллаи мазкур имрӯзҳо қарору қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, матолиби иҷлосияҳо ва ҷаласаҳои якҷояи палатаҳои болоӣ ва поёнии Парлумон, тафсирҳои муҳими Суди Олӣ ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон ба тасвиб расонидааст ва дигар матолиби ҷолиб нашр мешаванд.

Февраль 23, 2021 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд