Маҳмадсаид Зувайдзода: «Таҳияи нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон пурра ба анҷом расидааст»

Февраль 5, 2021 11:55

ДУШАНБЕ, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҳияи нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон пурра  ба анҷом расонида шуда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал  қарор доранд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе баён дошт. Зикр шуд, ки ҳамзамон таҳияи лоиҳаи Нақшаи  генералии ноҳияи Данғара  ба итмом расида, дар мувофиқасозӣ қарор дорад.

Маҳмадсаид Зувайдзода зикр намуд, ки дар соли сипаригардида  дар асоси нақшаи корӣ  мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохмони назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати ба роҳ мондани назорати  ҳолати риоя ва татбиқи   амалӣ намудани нақшаҳои  генералӣ ба шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Файзобод, Нуробод, Сангвор,  Лахш, Данғара, Ёвон, Темурмалик,  Балҷувон, Шамсиддини Шоҳин,  Ховалинг, Фархор, Кӯлоб, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, А Ҷомӣ,  Леваканд, Бохтар, Ҷайҳун, Хоруғ, Шуғнон, Рӯшон, Мурғоб, Айнӣ, Шаҳристон, Деваштич, Панҷакент, Истаравшан, Зарафобод, Бобоҷон  Ғафуров, Ашт ва Конибодом сафарбар гардиданд.  Мутахассисони Кумита ҳолати воқеиро  дар маҳал мавриди омӯзиш  ва санҷиш қарор дода, аз натиҷаи  санҷиш барои ислоҳи  камбудиҳо ба мақомоти шаҳру ноҳияҳои ба санҷиш фаро гирифташуда мактуби расмӣ фиристониданд. Дар иртибот ба  натиҷаи  ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта  аз сӯи мақомоти марбута ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати мамлакат маълумот ироа гардид.

Бо дахли баланд бардоштани сифати лоиҳаҳо ва санъати меъморӣ Маҳмадсаид Зувайдзода изҳор дошт, ки дар ин самт Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии пешакии лоиҳаи биноҳои маъмурӣ, ҷамъиятӣ ва истиқоматӣ таъсис дода шуда, барои дуруст ба роҳ мондани ҷойгиршавии биноҳо ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ будани тарҳ ва намои биноҳо хулосабарорӣ намуда, ба лоиҳакашон тавсияҳои зарурӣ медиҳад. Дар ин давра 41 ҷаласаи Комиссия баргузор гардида, дар маҷмӯъ 371 лоиҳаҳои ангоравӣ ва корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбат ба ҳар лоиҳа таклифу пешниҳодҳо ирсол гардиданд. Аз 371 лоиҳаи баррасигардида 267-тои он бо таклифу пешниҳодҳои зарурӣ ва бо инобати он дар лоиҳаҳои корӣ қобили қабул ҳисобида шуда, барои пешниҳод ба Раёсати экспертиза тавсия дода шуд.

104 лоиҳаи дигар бо назардошти ба талабот ҷавобгӯ набудани сифати ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида, тарҳ ва намои бинову иншоот ва зарурати пешниҳоди иловагӣ барои такмил ва тасҳеҳи минбаъда баргардонида шуданд.

Февраль 5, 2021 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид