Маҳмадшариф Ҳақдод дар ҷаласаи Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои ИДМ ширкат варзид

Февраль 26, 2021 10:35

ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 25 феврал, дар қароргоҳи ИДМ дар Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои Иттиҳод таҳти раёсати Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид. Дар он Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти ИДМ, Сафири ҶТ дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод ширкат варзид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре ки хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ медиҳад, намояндагони ваколатдори доимӣ Нақшаи фаъолияти муштараки Кумитаи иҷроияи ИДМ, Шӯрои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба  масоили иқтисодиро (КМИ) дар бораи иҷрои супоришҳое, ки аз қарорҳои Шӯрои сарварони давлатҳо (18 декабри соли 2020) ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ (10 декабри соли 2020) давлатҳо бармеоянд, тасдиқ карданд.

Онҳо инчунин лоиҳаи Харитаи роҳро оид ба татбиқи ташаббусҳои дар ин ҷаласаҳо иброзшудаи сарварони ҳайатҳо баррасӣ карданд ва мувофиқи мақсад донистанд, ки санад дар қисми аниқ кардани сохтор ва муайян намудани механизмҳои татбиқи чорабиниҳо дубора коркард шавад. Тасдиқи Харитаи роҳ дар ҷараёни ҷаласаи муштараки онлайнии Шӯрои намояндагони доимӣ ва KМИ 29 март ба нақша гирифта шудааст.

Зикр шуд, ки Харитаи роҳ ҳамчун ҳуҷҷати дарозмуддат таҳия мешавад ва он имкон медиҳад мониторинги босифати иҷрои чорабиниҳои пешбинишуда ва сари вақт аз назорат гирифтани онҳоро таъмин намояд.

Ба аъзои Шӯрои намояндагони доимӣ таклифҳо оид ба лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 28 май дар Минск ба нақша гирифта шудааст, пешниҳод карда шуданд. Таклифҳо бо вазорату идораҳои манфиатдор коркард мешаванд ва пас аз он ба нақша гирифта шудааст, ки дар моҳи март лоиҳаи рӯзномаи ШСҲ таҳия карда шавад.

Намояндагони доимӣ инчунин якчанд масъалаҳои дигарро, ки шомили  салоҳияташон мебошанд, баррасӣ карданд.

 

АКСИ: хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ

Февраль 26, 2021 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд