Маҳмадтоир Зокирзода бо Гасан Мамедзода мулоқот намуд

Февраль 4, 2021 12:48

ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гасан Мамедзода мулоқот намуд.  

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Озарбойҷон, густариши муносибат дар бахшҳои илму маориф, иқтисод, тиҷорат ва фарҳанг изҳори назар карда шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид намуд, ки “Ҷумҳурии Озарбойҷон дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз ҷойгоҳҳои муҳимро ишғол менамояд ва мо ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон манфиатдорем. Ба шарофати иродаи қавии сиёсӣ ва муносибатҳои бародаронаи Сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев барои рушди ҳамкории мутақобила заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Айни замон заминаи ҳуқуқии Тоҷикистон ва Озарбойҷон 56 Созишнома ва шартномаро дар бар мегирад, ки дар асоси Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 16 марти соли 2007 ба имзо расидаанд”.

-Ман ҳавасмандии Парлумони Тоҷикистонро ба рушд ва тавсеаи ҳамкории байнипарлумонӣ бо Милли Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон изҳор мекунам,-гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

Рушди муносибатҳои дуҷонибаи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон нишон медиҳад, ки ҷонибҳо ҳамеша ба таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд манфиатдоранд.

Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва ҳамкорӣ бо Милли Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон фавран пас аз ташкили парлумони нави касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин иброз намуд, ки парлумонҳои кишварҳои мо ҳанӯз ҳам аз имконот ва шароити мусоиди мавҷуда барои тақвияти ин равобит ба таври фаъол истифода накардаанд. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди тақвият додани муносиботи худ бо парлумонҳои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Озарбойҷон мебошад.

-Сиёсате, ки имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, шароити мувофиқро барои таҳкими ҳамкории ҳамаи шохаҳои мамлакат бо кишвар ва созмонҳои хориҷӣ фароҳам овардааст,- гуфт дар анҷоми млоқот Маҳмадтоир Зокирзода.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гасан Мамедзода аз пазироии самимонаи Раиси Маҷлиси намояндагон арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки ҳамчун сафир аз тамоми имконот ва донишу маҳорати худ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи олӣ ва тақвияти муносиботи дуҷонибаи байни кишвараш ва Тоҷикистон дар тамоми заминаҳо талош хоҳад кард.

Февраль 4, 2021 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид