«МАН ҲАСТАМ ВА МАН ХОҲАМ БУД!». 4 феврал — Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории саратон

Февраль 4, 2021 16:38

ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории саратон таҳти унвони «Ман ҳастам ва ман хоҳам буд!» ҳамоиш доир шуд.

Тавре директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ, доктори илмҳои тиб Зафар Ҳусейнзода иброз дошт, дар ҷаҳон беш аз 100 намуд бемории саратон мавҷуд буда,  дар ҳолати ошкор шудан ва ба табобати саривақтӣ фаро гирифтан имкони зиёди шифоёбии ин беморӣ мавҷуд мебошад.

Бояд гуфт, ки ҳарчӣ зудтар ошкор намудани бемории саратон муҳим мебошад. Тадқиқот оид ба саратон нишон медиҳад, ки то соли 2030 ин беморӣ сабаби марги 13 миллион аҳолии кураи Замин шуда метавонад.

«Мувофиқи нишондиҳандаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, соли 2018 зарари  солонаи иқтисодӣ аз саратон дар ҷаҳон 1 триллиону 160 миллиард доллари ИМА шуда метавонад»,- гуфт Зафар Ҳусейнзода.

-Солҳои 2010-2015 дар марҳилаи амалигардонии барномаи  миллӣ   мо тавонистем, ки дарёфти бемориҳоро зиёд намоем. Дар охири солҳои 2014-2015 дарёфти бемориҳо дар марҳилаи якум ва дуюм зиёд шуда, солҳои 2008-2009 марҳилаи сеюм ва чорум 70 фоизро ташкил мекард. Соли 2015 қариб 60 фоиз беморони марҳилаи якум ва дуюм дарёфт шуданд.-гуфт Зафар Ҳусейнзода.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки «дар асоси маълумоти омории тиббӣ  ва феҳристи саратон, мо тағйирёбии нишондиҳандаҳои асосии соҳаро дар солҳои 2009-2019 таҳлил намудем. Соли 2009 гирифторӣ ба бемории саратон 97,8 фоизро ташкил мекард. Соли 2019 183,4 фоизро ташкил намуд, ки инҷо тақрибан 2 маротиба афзоишёбии беморшавӣ дида мешавад».

Бори нахустин соли 2009 беморон ба қайд гирифта шуданд, ки шумораашон 2 ҳазору 730 нафарро ташкил менамуд. Дар соли 2019 ин рақам ба 3 ҳазору 684 нафар расид. Сатҳи фавт аз омосҳои бадсифат дар  соли 2018 аз 25 ба 20 фоиз расонида шуд. Вале соли 2019 фавти беморон ба 26 фоиз расид. Дар асоси таҳлилҳо, яке аз сабабҳои тағйирот дар нишондиҳандаҳои фавт-ин  афзоиши беморӣ   мебошад.

Ба зикри мавсуф, дар сохтори бемориҳои саратон ҷои аввалро саратони ғадуди ширӣ бо 17,7 фоиз ишғол менамояд ва гарданаки бачадон – 10 % буда, саратони меъда-6,8 % мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои марбут  ба ин беморӣ ва мубориза бар зидди саратон системаи ҳамоҳангшудаи Хадамоти онкологӣ, аз ҷумла муассисаҳои саратоншиносӣ, кадрҳо, технологияҳо ва манбаъҳои зиёде амал менамоянд.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ барои кумакрасонӣ ба беморони гирифтори саратон 76 ҳуҷраи саратоншиносӣ мавҷуд буда, дар 42-тои он мутахассисони саратоншинос ва дар 33-тои он табибони ғайритахассус фаъолият мекунанд. Ҳоло дар Хадамоти саратоншиносӣ 156 табиб фаъолият доранд.

Тавре корманди Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ Наргис Ғайратова иброз медорад, занҳое, ки гирифтори бемории саратони ғадуди ширӣ ҳастанд, ба муассисаҳои тиббӣ дер муроҷиат мекунанд. Дар ҳолати дер муроҷиат кардан беморӣ аллакай ба марҳилаи 3-4 мегузарад, ки дар ин вақт ҷараёни табобат душвор мегардад.

«Бояд гуфт, ки ҳама намуди омосҳои саратони ғадуди ширӣ дар марҳилаи аввал дорои дурнамои табобати қаноатбахш ва дурнамои зист мебошанд. Дар сурате, ки беморӣ ба марҳилаи 3-4 гузашта, ба дигар узвҳо паҳн мешавад, он вақт кори табибон, ҷараёни табобат ва усули он душвор мешавад.

Занҳое, ки гирифтори бемории саратони ғадуди ширӣ ҳастанду ба мо дар марҳилаҳои баъдӣ муроҷиат мекунанд, мутаассифона, мо ба онҳо ҷарроҳиҳои узвнигоҳдоранда гузаронида наметавонем. Аз ин рӯ аз занҳо хоҳиш менамоям, ки дар вақти мушоҳида намудани ягон намуди кулӯлаҳо дар бадани худ зуд ба мутахассисон муроҷиат намуда, бемориашонро сари вақт пешгирӣ намоянд»,- мегӯяд Наргис Ғайратова.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии  тандурустӣ ҳамасола 4 феврал дар ҷаҳон  Рӯзи мубориза бар зидди бемории саратон ҷашн гирифта мешавад.

Мақсад аз таҷлили Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории саратон бедор намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба ин мушкилоти глобалӣ ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии мардум доир ба бемории саратон мебошад.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки барои пешгирии бемории саратон одамон бояд ғизоҳои фоиданок истеъмол намуда, аз омилҳои зараровар даст кашанд. Вақти худро бештар дар ҳавои тоза гузаронида, ба варзиш машғул шаванд. Ҳангоми пайдо шудани ягон нишона сари вақт ба табибон муроҷиат намоянд. Инчунин дар як сол ду маротиба ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаштан зарур аст.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Февраль 4, 2021 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад