Маъюбон ҳам ба хизмати давлатӣ роҳ меёбанд , — бардошт аз нишасти матбуотии Академияи идоракунии давлатӣ

Февраль 18, 2021 15:13

ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Академияи идоракунии давлатии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи лоиҳаи «Рушди хизматрасонӣ ба ашхоси имконияташон маҳдуд» ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани шахсони маъюб тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, Академия тавассути ҳамкорӣ бо  ҷамъияти маъюбон чунин ашхосро барои идомаи таҳсил дар зинаи магистратура ҷалб  намуда истодааст. Айни замон дар Академия 24 нафар шахсони маъюбу ятим ба таҳсил фаро гирифта шуда, қариб ҳамаашон дар ин ҷо ним баст фаъолият  мекунанд.

Дар ин бора Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод, ки 16 феврал баргузор гардид, хабар дод.

«Барои татбиқи лоиҳаи «Рушди хизматрасонӣ ба ашхоси имконияташон маҳдуд» Люксембург 21 ҳазор евро ҷудо намудааст, ки дар доираи он бо шахсони имконияташон маҳдуд вохӯриҳо гузаронда шуданд. Ба  мақсади ба хизмати давлатӣ роҳ ёфтани  ин қишри фаъоли ҷомеа, Академия бо ҷамъияти маъюбон ҳамкории зич ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, ҷамъияти маъюбони шаҳри Ваҳдатро, ки беш аз 60 нобино дорад, бо техника таъмин намуд»,- афзуд  Абдухалил Ғафурзода.

Ёдовар мешавем, ки азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ яке аз самти асосии фаъолияти Академия мебошад.

Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки соли 2020 дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатӣ 26 курс баргузор гардид, аз ҷумла, 3 курси азнавтайёркунӣ, 15 курси такмили ихтисос дар заминаи Академия, 11 курси сайёри такмили ихтисос. Дар курсҳои мазкур 1318 нафар иштирок намуданд.

Февраль 18, 2021 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад