Маъюбон ҳам ба хизмати давлатӣ роҳ меёбанд , — бардошт аз нишасти матбуотии Академияи идоракунии давлатӣ
ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи лоиҳаи «Рушди хизматрасонӣ ба ашхоси имконияташон маҳдуд» ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани шахсони маъюб тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, Академия тавассути ҳамкорӣ бо ҷамъияти маъюбон чунин ашхосро барои идомаи таҳсил дар зинаи магистратура ҷалб намуда истодааст. Айни замон дар Академия 24 нафар шахсони маъюбу ятим ба таҳсил фаро гирифта шуда, қариб ҳамаашон дар ин ҷо ним баст фаъолият мекунанд.
Дар ин бора Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод, ки 16 феврал баргузор гардид, хабар дод.
«Барои татбиқи лоиҳаи «Рушди хизматрасонӣ ба ашхоси имконияташон маҳдуд» Люксембург 21 ҳазор евро ҷудо намудааст, ки дар доираи он бо шахсони имконияташон маҳдуд вохӯриҳо гузаронда шуданд. Ба мақсади ба хизмати давлатӣ роҳ ёфтани ин қишри фаъоли ҷомеа, Академия бо ҷамъияти маъюбон ҳамкории зич ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, ҷамъияти маъюбони шаҳри Ваҳдатро, ки беш аз 60 нобино дорад, бо техника таъмин намуд»,- афзуд Абдухалил Ғафурзода.
Ёдовар мешавем, ки азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ яке аз самти асосии фаъолияти Академия мебошад.
Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки соли 2020 дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатӣ 26 курс баргузор гардид, аз ҷумла, 3 курси азнавтайёркунӣ, 15 курси такмили ихтисос дар заминаи Академия, 11 курси сайёри такмили ихтисос. Дар курсҳои мазкур 1318 нафар иштирок намуданд.








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






