ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Душанбе ҳаво 17+19 дараҷа гарм мешавад

Февраль 6, 2021 08:33

ДУШАНБЕ, 06.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорат ба 17+22 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва  рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  20-25 ва рӯзона  5-10 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш  мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо тумани тунук мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук  ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона аз  1  дараҷа хунук  то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  1+3 дараҷа гарм ва рӯзона 17+19 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 6, 2021 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид