ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад

Февраль 23, 2021 08:10

ДУШАНБЕ, 23.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок ва  тағйирёбанда шуда, борон меборад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши борон ва барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва  рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона  аз 3 дараҷа  хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр бориши сусти барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол  аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда,  рӯзона дар ноҳияҳои доманкӯҳӣ борон борида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона  0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва  дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 2+7 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона  5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  5+7 ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 23, 2021 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд