Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба кикбоксинг барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 феврал бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба кикбоксинг байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» баргузор гардид. Дар мусобиқа 14 дастаи мактабҳои варзишии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо теъдоди беш аз 200 нафар варзишгар ширкат варзиданд. Варзишгарони наврасу ҷавони дастаи «Динамо»-и ВКД дар маҷмӯъ 14 ҷойи аввал, 5 мақоми дуюм ва 3 ҷойи сеюмро ба даст оварда, ғолиби даставии мусобиқа эълон гардиданд. Дастаи варзишгарони «Глори»-и шаҳри Душанбе ба гирифтани зинаи дуюм ва мактаби варзишии ноҳияи Фархор ба ҷойи сеюм мушарраф гардиданд.
Дар ин бора аз Федератсияи кикбоксинги Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Ҷойҳои аввалро аз дастаи «Динамо» дар вазни 20 кило Ҳилол Аминов, дар вазни 25 кило Абдуҷалил Саидов, дар вазни 27 кило Муҳсин Муҳаммадиев, дар вазни 28 кило Муҳаммад Нурҷонов, дар вазни 29 кило Бобоҷон Алиев, дар вазни 33 кило Алиҷон Солеҳов, дар вазни 35 кило Муҳаммад Эгамбердиев, дар вазни 45 кило Давлатмурод Азимов, дар вазни 48 кило Шариф Раҳматуллоев, дар вазни 50 кило Билолҷон Азимов, дар вазни 54 кило Комрон Сабзаков, дар вазни 56 кило Билол Расулов, дар вазни 70 кило Фараҳманд Одинаев ва дар вазни беш аз 70 кило Мусо Бобохонзода ишғол намуданд.
Ҳамчунин дар вазни 20 кило Билол Саидов, 27 кило Саддам Сафаров, дар вазни 30 кило Муҳаммадиқбол Қурбонов, дар вазни 40 кило Иброҳим Қодиров ва дар вазни 38 кило Қамар Саидшарипов мақомҳои дуюми мусобиқаро ноил гардиданд. Ҷойҳои сеюмро дар вазни 27 кило Умар Бобоев, дар вазни 48 кило олим Юнусов ва дар вазни 56 кило Шукур Мазитов ба даст оварданд.
Дар охир, дастаҳо ва варзишгарони ғолибу ҷоизадорони мусобиқа дар маросими тантанавӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Ҷом, диплом, медал, Ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Барои доварии мусобиқа доварони ботаҷрибаи ҷумҳурӣ зери роҳбарии довари дараҷаи байналмилалӣ Зафар Шаймурадов даъват шуда буданд, ки мусобиқаро шаффофу одилона гузарониданд. Мусобиқа мутобиқи қоидаҳои байналмилалии «ISKA» (Асостсиатсияи байналмилалии варзиши кикбоксинг) гузаронида шуд, ки дар он иштирокчиён дар 5 синн ва 36 вазн қувваозмоӣ намуданд.
Ҳамчунин намояндагони доварон ва варзишгарон қабл аз баргузории мусобиқа оид ба риояи қоидаҳои варзишӣ ботантана қасам ёд намуданд.
Ин мусобиқа аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Федератсияи кикбоксинги кишвар роҳандозӣ гардид. Дар мусобиқа муовини аввали Раиси ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ, подполковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода, роҳбарони федератсияҳои варзишии кишвар ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Баромадкунандагон оид ба аҳамияти варзиш ба солимии ҷомеа, пешгирӣ аз амалу кирдорҳои номатлуб, дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар замони Истиқлоли давлатӣ ибрози назар намуданд. Зикр карда шуд, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон шароити машғул гардидан ба варзиш беш аз пеш рушду инкишоф ёфта, натиҷаи ин заҳматҳоро мо дар пешрафту дастовардҳои варзишгаронамон дар арсаи байналмилалӣ мебинем. Имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ ва чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ-варзишӣ доир карда шуда, ба он доираи васеи аҳолӣ, ҷавонону наврасон, бонувону калонсолон ҷалб карда мешаванд. Боварӣ аст, ки дар оянда ҷавонону наврасони мо бо кӯшишу ғайрати дучанд парчамбардорони Ватани хеш гашта, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа саҳм мегузоранд.








Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд






