Корҳои созандагӣ дар истироҳатгоҳи «Зумрад» бо маром идома доранд

Февраль 27, 2021 10:33

ДУШАНБЕ, 27.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Осоишгоҳи «Зумрад»  пурра навсозӣ гардида истода, тибқи нақша дар муҳлати кӯтоҳтарин ба яке аз маконҳои сатҳи баланди истироҳатӣ ва табобатӣ табдил меёбад. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои шиносоӣ бо фаъолият ва корҳои созандагӣ аз Осоишгоҳи мазкур  дидан намуд. Дар ин бора аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар осоишгоҳ сохтмони якчанд иншоот бо суръат идома дорад. Дар даромадгоҳи осоишгоҳ бинои ташхисиву машваратии чорошёна бунёд шуда истодааст. Дар назар аст, ки дар ошёнаи якум ташхисгоҳи клиникиву биокимиёвӣ, иммуноферментӣ, ташхис бо нури ренгенӣ, томографияи компютерӣ, ташхиси фаросавтӣ ҷойгир карда шаванд. Ошёнаи дуввум барои табибони машваратӣ, ошёнаҳои сеюм ва чорум барои хобгоҳ пешбинӣ гардидаанд. Дар баробари ин дар  дохили осоишгоҳ бинои 9-ошёна бо таҳхона қомат афрохта, дар он ташкили табобатҳои барқшифоӣ, гармшифоӣ, маҳси дастӣ, барқӣ ва маҳс бо дастгоҳҳои махсус, ҳуҷраи сӯзандармонӣ, гиёҳшифоӣ дар назар аст. Аз ошёнаи дуюм то нуҳуми ин бино ҳуҷраҳои истиқоматии намудҳои стандарт, люкс, аппартамент барои тақрибан 640 кати хоб ба нақша гирифта шудааст. Дар осоишгоҳ қаҳвахона, ошхонаи хӯрокҳои миллӣ ва маркази дилхушӣ бо тарабхона бунёд ёфтааст.

Ҳамчунин дар дохили осоишгоҳ сохтмони ҳавзи шиноварӣ бо суръат идома дорад. Ҳавзи шиноварӣ доимамалкунанда буда, дар бинои он ташкили ҳуҷраҳои табибони пӯст, косметолог, маҳси дастӣ, пардозӣ, кошонаи ҳусн ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст. Сохтмони амфитеатр ва қароргоҳ барои қабули меҳмонони фахрӣ низ идома дорад.

Чанде пеш сохтмони бинои табобатии замонавӣ иборат аз ду ошёна оғоз гардид. Дар нақша аст, ки табобатҳои обшифоӣ, маъданшифоӣ, мумшифоӣ, лойқашифоӣ, нафтшифоӣ дар ин бино гузаронида шаванд. Инчунин лоиҳаи сохтмони «аквапарк» омода гардида, рӯзҳои наздик сохтмони он оғоз хоҳад ёфт.

Ёдовар мешавем, ки Осоишгоҳи «Зумрад» дар масофаи 3 км аз маркази шаҳри Исфара, 110 км аз маркази вилоят- шаҳри Хуҷанд, дар соҳили дарёчаи Исфара, қисми ҷанубу ғарбии водии Фарғона ва дар домани қаторкӯҳҳои Туркистон, дар баландии 940 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Иқлими табобатии «Зумрад» дар табобати бисёр бемориҳо мавқеи хосса дорад. Зумрад (шакли дурусти талаффузаш Зумурруд)- ин санги қиматбаҳои xилодор буда, хосияти муолиҷавӣ дорад. Оби маъдандори «Шифо» яке аз неъматҳои босамар истифодашаванда дар осоишгоҳ мебошад. Ташхиси ин оби дармонбахш дар санҷишгоҳҳои «Средазгеоминвод», пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотии курортология ва физиотерапияи шаҳрҳои Тошканду Москва сурат гирифта, натиҷаҳои дилхоҳ додааст. Тадқиқот дар ин замина таркиби бойи ин обро ба исбот расонд ва ба ин васила имконият фароҳам омад, ки маъданоб барои табобати бемориҳои дилу рагҳои хунгард, системаи асаб, узвҳои такяву ҳаракат, таносули занона, пӯст ва вайронии мубодилаи моддаҳо ба таври васеъ мавриди истифода қарор гирад. Ҳудуди умумии осоишгоҳ 20 гектар буда, онро буттаҳою дарахтони нодири ороишию мевадиҳанда, гулу гулбуттаҳо ороиш медиҳанд.

Имсол мардуми шарафманди тоҷик ҷашни бузургу таърихӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил мекунанд. Ба ин муносибат дар ин макон корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд. Умед аст, ки осоишгоҳи «Зумрад» боз ҳам ободтару дилработар гардида, ба маркази дӯстдоштаи табобативу фароғатӣ ва сайёҳӣ мубаддал мешавад.

Февраль 27, 2021 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид