Пас аз Душанбе «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» иртиботи ҳавоиро бо Деҳлӣ аз нав барқарор намуд

Февраль 25, 2021 11:48

ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» иртиботи мунтазами ҳавоиро дар масири «Тошканд-Деҳлӣ-Тошканд» аз 5 март барқарор мекунад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон.

Ёдовар мешавем, ки Ӯзбекистон аз 16 марти соли 2020 бо сабаби таҳдиди паҳншавии COVID-19 иртиботи нақлиётиро бо кишварҳои дигар муваққатан боздошт. Аммо, ҳоло иртиботи ҳавоӣ байни давлатҳо тадриҷан барқарор карда мешавад. Моҳи сентябри соли гузашта Ӯзбекистон иртиботи ҳавоиро бо Беларус, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон ва Қирғизистон барқарор намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» пештар хабар дода буд, ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» 20 январи соли равон парвозҳоро ба Тоҷикистон барқарор намуд. Субҳи ҳамон рӯз парвози нахустин пас аз баҳори соли гузашта аз Тошканд ба Душанбе, баъд аз танаффуси вобаста ба пандемияи коронавирус анҷом дода шуд. Соати 12:00 ба вақти маҳаллӣ ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон парвози бозгаштро аз пойтахти Тоҷикистон анҷом дод.

Зикр карда шуд, ки парвози Тошканд-Душанбе дар ибтидо ҳафтае як маротиба-рӯзҳои чоршанбе сурат мегирад ва дар оянда ҳавопаймоҳо ҳафтае ду маротиба- рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа парвоз хоҳанд кард.

Февраль 25, 2021 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд