Раиси Вулуси ҷиргаи Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 27.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз Раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллӣ (Парлумон)-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон меояд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имрӯз мулоқоти Мир Раҳмон Раҳмонӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.
Меҳмони олиқадр 1 март бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот менамоянд.
Ҳамчунин вохӯрии ӯ бо Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллӣ (Парлумон)-и Ҷумурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ ва ҳамроҳони ӯ аз «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» ва «Кохи Наврӯз» дидан менамоянд.
АКС аз бойгонӣ








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






