Раиси Вулуси ҷиргаи Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон меояд

Февраль 27, 2021 10:25

ДУШАНБЕ, 27.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз Раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллӣ  (Парлумон)-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон меояд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ  «Ховар» иттилоъ дод, имрӯз мулоқоти Мир Раҳмон Раҳмонӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.

Меҳмони олиқадр 1 март бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот менамоянд.

Ҳамчунин вохӯрии ӯ бо Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.

Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллӣ  (Парлумон)-и  Ҷумурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ ва ҳамроҳони ӯ аз «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» ва «Кохи Наврӯз» дидан менамоянд.

 

АКС аз бойгонӣ

Февраль 27, 2021 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд