«Регар-ТадАЗ» сеюмин финалисти Ҷоми Федератсия-2021 шуд

Февраль 2, 2021 08:13

ДУШАНБЕ, 02.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз «Истиқлол»-и Душанбе ва «Барқчӣ»-и Ҳисор «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ба қисми ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳ ёфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

1 феврал дар минтақаи Душанбе бозиҳои даври чоруми марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ-2021 баргузор шуданд. Дар гурӯҳи «А»  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода пирӯзии сеюмро пай дар пай ба даст овард ва ба қисми ниҳоии мусобиқа пеш аз муҳлат роҳ ёфт. Дар ин давр «регариён» бар дастаи Кӯктоши ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуданд. Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи «КМВА» дастаи Локомотив-Помирро бо ҳисоби 6: 3 мағлуб кард.

Финалисти охирин- чоруми марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе рӯзи панҷшанбе, 4 феврал муайян хоҳад шуд.

 

Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021

Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Душанбе

Гурӯҳи «А». Даври 4-ум

 

Локомотив-Помир — КМВА — 3: 6

«Регар-ТадАЗ» — «Кӯктош» — 3: 2

Даври 5

4 феврал (панҷшанбе)

10:30 — ЦСКА — Регар-ТадАЗ. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 — «Шоҳмансур» — «Локомотив-Помир». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

 

АКС аз ФФТ

Февраль 2, 2021 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд