Сафири Тоҷикистон дар Россия бо Раиси Ҳайати мудираи Бонки Авросиёии рушд мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 27.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов бо Раиси Раёсати Бонки Авросиёии рушд Николай Подгузов баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот масоили ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Авросиёии рушд дар соли 2021 ва дурнамои амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, саноат ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт баррасӣ шуданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1087 сомонӣ муқаррар шудааст
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Дар Форуми байналмилалии бонкӣ-2026 масоили бахши молиявӣ дар шароити табдили рақамӣ баррасӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид






