Саидмурод Фаттоҳзода дар кори ҷаласаи зимистонаи САҲА иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар кори ҷаласаи зимистонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар реҷаи онлайн- конференcия иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо шарики муҳими байналмилалӣ барои Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва сатҳи ҳамкорӣ бо шарикони аврупоӣ дар тамоми соҳаҳо, хусусан дар соҳаҳои иқтисод, амният, маориф ва фарҳанг баланд арзёбӣ карда мешавад.
Саидмурод Фаттоҳзода ҳамчунин иброз намуд, ки «ҳамкории ҳамаҷониба бо сохторҳои байналмилалӣ аз ҷониби мо чун омили муҳим барои татбиқи чор ҳадафи стратегии Тоҷикистон, аз ҷумла истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар ба шумор меравад. Ҳоло дар ин соҳаҳо муваффақияти муайян ба даст оварда шудааст. Аммо, бидуни вазъияти мӯътадил дар минтақа ҳадафҳои моро амалӣ кардан имконнопазир аст».
-Мо аз вазъи номусоид дар Афғонистони ҳамсоя хеле нигарон ҳастем. Дар ин самт Иттиҳоди Аврупо, шумо аъзои Парлумон тавассути мусоидат ба сулҳ дар Афғонистон суботи кишварҳои Осиёи Марказиро дастгирӣ карда метавонед. Иттиҳоди Аврупо бояд ба як узви муҳими бахши амният дар минтақа табдил ёбад, дар мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонии асри 21 шарикии мустаҳкамтари Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ зарур аст. Амалисозии барномаҳои муштарак барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои амният, иқтисод, маориф ва тандурустӣ зарур мебошад,- гуфт мавсуф.
Дар хотима изҳори итминон карда шуд, ки ҷаласаи зимистонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, ки дар он масоили муносибатҳои дуҷониба баррасӣ гардид, самарабахш ва қадами навбатӣ дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба хоҳад буд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро миёни парлумонҳо мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷаласаи ҳарсолаи зимистонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ба анъана табдил ёфтааст ва ин пеш аз ҳама, гувоҳи густариши минбаъдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва САҲА маҳсуб меёбад. Аз ҷониби дигар, ин як навъ барномаест, ки дар он масъалаҳои мубрами дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ мешаванд. Хурсандибахш аст, ки ин мулоқот дар замоне сурат мегирад, ки Иттиҳоди Аврупо стратегияи нави муносибат бо кишварҳои Осиёи Марказиро тасдиқ кардааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд






