Саидмурод Фаттоҳзода дар кори ҷаласаи зимистонаи САҲА иштирок намуд

Февраль 25, 2021 09:00

ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар кори ҷаласаи зимистонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (САҲА)  дар реҷаи онлайн- конференcия иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора  котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо шарики муҳими байналмилалӣ барои Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва сатҳи  ҳамкорӣ бо шарикони аврупоӣ дар тамоми соҳаҳо, хусусан дар соҳаҳои иқтисод, амният, маориф ва фарҳанг баланд арзёбӣ карда мешавад.

Саидмурод Фаттоҳзода ҳамчунин иброз намуд, ки «ҳамкории  ҳамаҷониба бо сохторҳои байналмилалӣ аз ҷониби мо чун  омили муҳим барои татбиқи чор ҳадафи стратегии Тоҷикистон, аз ҷумла истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар ба шумор меравад. Ҳоло дар ин соҳаҳо муваффақияти муайян ба даст оварда шудааст. Аммо, бидуни вазъияти мӯътадил дар минтақа ҳадафҳои моро амалӣ кардан имконнопазир аст».

-Мо аз вазъи номусоид дар Афғонистони ҳамсоя хеле нигарон ҳастем. Дар ин самт Иттиҳоди Аврупо, шумо аъзои Парлумон тавассути мусоидат ба сулҳ дар Афғонистон суботи кишварҳои Осиёи Марказиро дастгирӣ карда метавонед. Иттиҳоди Аврупо бояд ба як узви муҳими бахши амният дар минтақа табдил ёбад, дар мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонии асри 21 шарикии мустаҳкамтари Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ зарур аст. Амалисозии барномаҳои муштарак барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои амният, иқтисод, маориф ва тандурустӣ зарур мебошад,- гуфт мавсуф.

Дар хотима изҳори итминон карда шуд, ки ҷаласаи зимистонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо,  ки дар он масоили муносибатҳои дуҷониба баррасӣ гардид, самарабахш ва қадами навбатӣ дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба  хоҳад буд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро миёни парлумонҳо мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҷаласаи ҳарсолаи зимистонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ба анъана табдил ёфтааст ва ин пеш аз ҳама, гувоҳи густариши минбаъдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва САҲА маҳсуб меёбад. Аз ҷониби дигар, ин як навъ барномаест, ки дар он масъалаҳои мубрами дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ мешаванд. Хурсандибахш аст, ки ин мулоқот дар замоне сурат мегирад, ки Иттиҳоди Аврупо стратегияи нави муносибат бо кишварҳои Осиёи Марказиро тасдиқ кардааст.

Февраль 25, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд