Сардори амнияти идораи полиси вилояти Парвони Афғонистон аз таркиш ҷон ба саломат бурд

Февраль 3, 2021 08:55

ДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/ Абдул Восеъ Раҳимӣ, сардори амнияти идораи полиси вилояти Парвони ҶИА, субҳи рӯзи 2 феврал аз як таркиш ҷон ба саломат бурд, иттилоъ додааст хабаргузории «Пажвок»-и Афғонистон.

Абдул Восеъ Раҳимӣ ба хабаргузории «Пажвок»-и Афғонистон гуфтааст, ки автомашинаи хидматиаш субҳи рӯзи сешанбе, 02 январ дар ноҳияи чоруми амниятии Чоряккор, маркази вилояти Парвон, замоне ҳадафи таркиши минаи канори ҷода қарор гирифт, ки ӯ барои иҷрои як вазифа дар ҳаракат буд.

Раҳимӣ изҳор кардааст, ки автомашинаи ӯ дар ин таркиш қисман хароб шудааст, аммо ӯ ва муҳофизонаш осеб надидаанд.

Дар ҳамин ҳол, ахиран дар баъзе вилоятҳо, аз ҷумла Кобул, таркишҳои минаҳо ва кушторҳои мақсаднок афзоиш ёфтанд.

Аз ҷумла, тибқи иттилои дигари хабаргузории «Пажвок» 02 феврал дар як таркиши дигар дар шаҳри Кобул раиси ситоди Ҷамъияти Ислоҳ кушта шудааст.

Февраль 3, 2021 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд