Сарвазири Тоҷикистон ба Россия пешниҳод кард, ки иртиботи ҳавоӣ байни ду давлат зудтар барқарор шавад
ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Россия мувофиқа намуданд, ки ҳаҷми интиқоли борҳоро афзоиш диҳанд. Бо дарназардошти беҳбуд ёфтани вазъи санитарӣ ва эпидемиологӣ дар Тоҷикистон ба ҷониби Россия пешниҳод шуд, ки масъалаи зудтар барқарор кардани иртиботи ҳавоиро байни ду кишвар баррасӣ кунад. Тавре пештар АМИТ «Ховар» хабар дода буд, ин аз паёми Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки дирӯз дар сомонаи ин идора нашр шуд, бармеояд.
Масъалаи барқарор кардани иртиботи ҳавоӣ дар ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Россия, ки 8-9 феврал дар шаҳри Москва таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Сарвазири Федератсияи Россия Алексей Аверчук доир гардид, муҳокима шуд.
Дар ҷаласа Коҳир Расулзода бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъи вобаста ба коронавирус дар Тоҷикистон масъалаи барқарор кардани иртиботи мунтазами ҳавоиро байни кишварҳо ба миён гузошт. Ин масъала дар пасманзари мавзӯи муҳоҷират, аз Тоҷикистон бозгардонидани донишҷӯёне, ки ба макотиби олии Россия дохил ва ё дар онҳо таҳсил мекунанд, инчунин густариши робитаҳои тиҷоратӣ муҳокима шуд.
Пештар хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон азм дорад дар ояндаи наздик иртиботи ҳавоиро бо дигар кишварҳо аз сар гирад ва ин ба шарофати муборизаи муваффақонаи Тоҷикистон бо навъи нави коронавирус имконпазир гардид. Ҳамчунин зикр карда шуд, ки дар робита ба боз намудани марзҳо дар Тоҷикистон карантини 14-рӯза барои мусофирони аз хориҷи кишвар омада барқарор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 26 январ Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пирӯзии комили Тоҷикистонро бар штамми нави коронавирус эълон кард. Аз 30 декабри соли 2020 ҳолатҳои сироятёбӣ бо ин сироят сабт нашудаанд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






