Шариф Самӣ: «Дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ 46 хонаи баландошёна бунёд гардида истодаанд»
ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт беш аз 46 адад хонаҳои баландошёна бо тарзи муосир бунёд гардида истодаанд, ки қисмати бештари онҳо дар арафаи ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус имрӯз ба намояндагони воситаҳои ахбори омма Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шариф Самӣ иттилоъ дод.
Ин дар ҳолест, ки соли 2020 новобаста ба пандемияи COVID-19 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бунёди иншооти ҳаётан муҳим вусъат гирифта, ба масоҳати 97 778 метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки нисбат ба соли 2019 1,8 баробар зиёд мебошад.
Ҳамзамон Шариф Самӣ гуфт, ки бо мақсади ободу зебо гардонидани ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки ноҳияи маъмурии пойтахт маҳсуб меёбад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамкориро бо соҳибкорон ва дигар табақаҳои аҳолӣ ба таври зич ба роҳ мондааст, ки дар натиҷа беш аз 26 ҳазор метри мураббаъ намои берунии хонаҳои баландошёна таъмири ҷорӣ гардиданд.
Зимни натиҷагирӣ аз рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар соли гузашта Шариф Самӣ изҳор дошт, ки масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳия, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба иҷрои нақшаҳои ҷамъоварии андозҳо ва ғанӣ гардонидани буҷет тавъам мебошад.
Зикр шуд, ки соли гузашта нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии умумӣ ба андозаи 100 фоиз иҷро гардид. Дар ин давра қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба ҷои 111,4 миллион сомонӣ 111,1 миллион сомонӣ харҷ гардидааст, ки 99,8 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.








ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад






