СИЁСАТИ ХОРИҶӢ. Сафирон бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанба бо Тоҷикистон мусоидати ҷиддӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъйини Афғонистон, Франсия, Фаластин, Италия, Маҷористон ва Хорватия эътимоднома қабул намуданд.
Пас аз супоридани эътимодномаҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни муносибатҳои дуҷониба, масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд.
Сафирони навтаъйин пас аз супоридани эътимодномаҳо дар брифинг барои доираи васеи хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ баромад намуданд.
Аз ҷумла, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар иброз намуд, ки «Афғонистон бо доштани беш аз 1300 километр марз дар паҳлуи ҳамсояе қарор дорад, ки Сарвари он дар баромадҳо аз минбарҳои миллӣ ва байналмилалӣ аз мардуми Афғонистон ва манфиатҳои он ҳамеша пуштибонӣ мекунанд. Беш аз ин Тоҷикистон бо Афғонистон аз даврони Ориёнои Кабир, Хуросони дирӯз ва Афғонистони имрӯз муносибат ва зиндагии муштарак доштанд. Аз панҷ меҳвари сиёсати хориҷии Афғонистон ва Тоҷикистон дар се меҳвараш давлати Тоҷикистон ҷо дорад – ин меҳвари кишварҳои исломӣ, Осиё ва ҳамсоягӣ. Тоҷикистони 20 сол пеш аз Тоҷикистони имрӯза тафовутҳои бисёр куллӣ дорад. Орзумандам, ки дар айёми маъмуриятам ба ҳайси Сафир саҳифаи нав боз кунам».
Ба гуфти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран, «соли 2022 ба барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Франсия 30 сол пур мегардад. Франсия яке аз давлатҳое мебошад, ки аввалин шуда, мустақилияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кард. Имрӯз муносибатҳои Франсияю Тоҷикистон дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудаанд. Умед дорам дар давраи маъмуриятам ба ҳайси Сафир муносибатҳои Франсия ва Тоҷикистонро ба сатҳи сифатан нав барорам. Тавре медонед, моҳи октябри соли 2021 бори аввал Намоишгоҳи нигораҳои таърихии халқи тоҷик дар Осорхонаи Гимеи шаҳри Париж баргузор мегардад. Корҳо дар ин самт бо ниҳодҳои дахлдори ду давлат идома доранд».
Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо оид ба муносибатҳои дуҷонибаи Фаластин ва Тоҷикистон ибрози назар намуда, зикр кард, ки «Ҷаноби Олӣ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории комили хешро барои ҳалли масъалаи Фаластин дар асоси паймонҳо ва асноди байналмилалӣ иброз намуданд ва аз рушду густариши муносибатҳои минбаъдаи давлатҳои ба ҳам дӯсту бародар-Тоҷикистон ва Фаластин изҳори умедворӣ карданд. Сафорати Давлати Фаластин дар Тоҷикистон талош хоҳад кард, ки рушду тавсеаи муносибатҳоро дар асоси созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум тақвият бахшад. Айни ҳол 8 санад ба имзо расидаанд, ки лоиҳаи 5 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад».
Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Маҷористон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Михай Матяш Галошфай аз муносибатҳои хуби Тоҷикистон ва Маҷористон дар соҳаҳои гуногун ёдовар шуда, таъкид намуд, ки «муносибатҳои сиёсии Маҷористон ва Тоҷикистон бар пояи усули дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ устоворанд. Аз замони касби истиқлол муносибатҳои дуҷониба инкишоф ёфта истодаанд. Дар ин росто дар муносибатҳои дуҷонибаи мо заминаҳо ва иқтидорҳои бузург мавҷуданд, ки онро мо бояд ба манфиати ҳарду кишвар истифода намоем. Дар баробари рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетика, масъалаҳои обӣ, инчунин зарур аст ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитариро низ ҷоннок намоем. Мо омодаем дар бахши варзиш низ ҳамкорӣ намоем».
Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Италия дар Тоҷикистон Агостино Пинна иброз намуд, ки «Италия ва Тоҷикистон муносибатҳои дуҷонибаро солҳои охир дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондаанд. Ҷониби Италия Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Италия даъват кардааст. Бо ба эътидол омадани вазъ пас аз ҳамагирии COVID-2019 ин сафар ба вуқӯъ хоҳад омад. Италия ҳавасманди ин сафар ва афзун гардидани муносибатҳои дучониба бо Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт ва энергетика ҳастем. Имрӯз Италия дар яке аз лоиҳаҳои муҳими ҳаётии Тоҷикистон-бунёди НБО «Роғун» саҳм гузошта истодааст, ки ман бо ҷараёни сохтмони он шинос хоҳам шуд».
Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Хорватия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рефик Шабанович бардошти худро пас аз мулоқот бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин баён намуд: «Президенти Точикистон Эмомалӣ Раҳмон аз имконияту зарфияти васеи ҳамкории Тоҷикистон ва Хорватия дар соҳаҳои иқтисоду сиёсат, сармоягузорӣ ва фарҳанг ҳарф заданд. Президенти Тоҷикистон бо хушнудӣ аз сафари соли 2009 ба Хорватия кардаашон ёдовар шуданд, ки барои ман мояи хушнудӣ буд. Манро дар ин сафар дар Тоҷикистон Консули фахрии Хорватия дар Тоҷикистон Ивится Пирич ҳамроҳӣ мекунад. Умед дорем, ки тӯли панҷ рӯзи оянда бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон мулоқоту музокироти судманд анҷом диҳем».
Бояд гуфт, ки зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи сайёра андешаронӣ карда, изҳор доштанд, ки дар пасманзари оқибатҳои манфии ҳамагирии КОВИД-19 ҷомеаи ҷаҳонӣ айни замон ба хатару таҳдидҳои бесобиқа дучор гаштааст. Таъкид гардид, ки дар чунин вазъияти ҳассос ҳамраъйиву дастгирии якдигар ва ҳамкории самараноки байналмилалӣ омили калидии музаффарият дар мубориза бо чолишҳои имрӯза мебошад.








Ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эъломияи Хуҷанд дар Маркази Авруосиёи Шурои Атлантик баррасӣ шуд
Машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Индонезия баргузор гардиданд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сарвазири Тоҷикистон Конфронси чоруми байналмилалиро натиҷагирӣ намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон мавқеи пешсафи худро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тасдиқ намуд
Умут Аҷар: «Дар Тоҷикистон чорабиниҳои байналмилалӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида мешаванд»
Сироҷиддин Муҳриддин: «Ҳамкории муассир ягона роҳи устувори ҳалли мушкилоти муштараки об мебошад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии об баъд аз соли 2030 баррасӣ шуд
Ҷонибек Ҳикмат: «Баргузории Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе таҷассумгари саҳми шоистаи Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об мебошад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ: Тоҷикистон ва СММ омодагиро барои баррасии ҷамъбастии Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба об дар соли 2028 оғоз намуданд
Намояндаи Африқои Шимолӣ Мпҳепҳу Нндвелени: «Тоҷикистон пешоҳанги ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар ҷаҳон аст»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе ҷаласаҳои пленарӣ ва нишастҳои ҷамъбастии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегарданд






