Соҳибкорон дар Душанбе 7 муассисаи таълимӣ месозанд

Февраль 17, 2021 14:37

ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар  пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе  аз ҷониби соҳибкорон  бунёди  7 муассисаи таълимӣ  барои 6832 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст. Тибқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ лоиҳаҳои муассисаҳои таълимии мазкур  таҳия гардида, дар минтақаҳои аҳолинишини пойтахт, ки  ба чунин таълимгоҳҳо  ниёз доранд аз ҷониби ширкатҳои ташаббускору саховатпеша сохта ба истифода дода мешаванд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе лоиҳаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии   соли 2021 аз ҷониби соҳибкорон дар пойтахт бунёдшавандаро муаррифӣ менамояд.

Мактаб дар маҳаллаи Меҳробод

Дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои пойтахт  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  барои 1280 нафар сохта мешавад. Фармоишгари  ин муассисаи  таълимӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чжунгстай Моҳир Семент»  буда, лоиҳаи онро Корхонаи воҳиди давлатии Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии лоиҳакашии  «Душанбешаҳрсоз» таҳия намудааст.

Литсейи хусусӣ дар кӯчаи Баҳовуддинови пойтахт

Муассисаи дигари таълимии бунёдшаванда литсейи хусусӣ барои 1280 хонанда мебошад, ки  бо хобгоҳаш дар кӯчаи Баҳовиддинови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сохта мешавад. Лоиҳаи  литсейи мазкурро Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Партнёр»   таҳия намуда, фармоишгари он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дақиқ» мебошад.

Муассисаи таълимӣ дар кӯчаи Саид Носир

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Декорд-Инвест» дар кӯчаи Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои 640 хонанда муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ месозад. Лоиҳаи мактаби мазкур аз ҷониби  КВД ПИТЛ «Душанбешаҳрсоз» омода гардидааст.

Мактаби №15 дар ноҳияи Шоҳмансур

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Авитссена» дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  барои 720 хонанда муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-ро месозад. Лоиҳаи ин мактабро «Академияи меъморӣ ва сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ таҳия намудааст.

Бинои иловагии гимназияи хусусии  «Кафолат»

Муассисаи таълимии гимназияи хусусии «Кафолат»  дар шаҳраки 82-юми ноҳияи Синои пойтахт бинои иловагии таълимӣ барои  432 хонанда месозад. Лоиҳаи ин бинои таълимӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Плаза-И» омода шудааст.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаксин Ғаюр семент» дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-ро барои 1280 ҷой месозад. Лоиҳаи мактаби мазкур аз ҷони КФ КВД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Душанбе таҳия гардидааст.

Мактаб барои 1200 хонанда дар ноҳияи Фирдавсӣ

Бо дарназардошти он ки собиқ  деҳоти Россияи  ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  дохил  гардид, дар ин маҳалла зарурати бунёди мактаби нав ба миён омад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ меъмор»  дар  ин маҳаллаи ноҳияи Фирдавсӣ барои 1200 ҷой муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ месозад. Лоиҳаи ин муассисаи таълимиро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хаттот» таҳия намудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2020  дар соҳаи маорифи пойтахт  корҳои сохтмонӣ, таъмир ва навсозӣ дар 12 иншоот барои 13900 ҷойи нишаст дар як баст ба роҳ монда шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон бо  соҳибкорони мамлакат таъкид намуданд, ки  «Мактаб ҳамчун даргоҳи муқаддас барои ташаккули шахсият дар ҷомеа ва мавқеи устувор пайдо кардани ӯ нақши асосиву ҳалкунанда дорад.Фаромӯш набояд кард, ки ҳар шахс ба ҳар мақому мартабае, ки расида бошад, донишҳои аввалинро аз мактаб ва омӯзгор гирифтааст. Илова ба корҳое, ки давлат дар  самти рушди соҳаи маориф то имрӯз анҷом додааст, ман борҳо шахсонеро, ки шароити хуби молиявӣ доранд, даъват кардам, ки дар зодгоҳи худ муассисаи таълимие бунёд намоянд ё аз рӯи имконият барои таъмири мактабе, ки дар он таҳсил кардаанд, кумаку мусоидати худро дареғ надоранд».

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Февраль 17, 2021 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои Душанбе озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд – боғи падару модар» гузаронида шуданд
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ оғоз гардид
Доир ба муқовимат ба коррупсия чун кафили рушди соҳаи маориф конференсия баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар Душанбе Марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Душанбе 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад
Соли 2025 ба шаҳри Душанбе беш аз 450 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Ба шаҳри Душанбе зиёда аз 11 ҳазор электромобил ворид карда шудааст
Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 16 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмони 7 эстакадаи нав оғоз меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино сохтмон ва навсозии 279 иншоот ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи зиёда аз 882 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар мусобиқаҳо соҳиби 1620 медал шуданд