Сокинони 7 ҷамоати деҳоти ноҳияи Шаҳринав аз моҳияти Паёми Пешвои миллат бархурдор мешаванд
ШАҲРИНАВ, 01.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав аъзои гурӯҳи корӣ иборат аз кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, САҲШ ва бахшҳои кор бо занон, дин, сайёҳӣ, муҳоҷират ва котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар 7 ҷамоати деҳоти ноҳия бо аҳолӣ вохӯрию суҳбатҳо доир намуда, нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллатро ба сокинон шарҳ дода истодаанд.
Муовини раиси ноҳияи Шаҳринав Шоиста Неъматуллозода иброз дошт, ки “сокинони ноҳияи Шаҳринав аз ироаи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, онро чун роҳнамои зиндагӣ қабул намуданд. Фаъолияти асосии сокинони ноҳия кишоварзӣ мебошад ва онҳо аз озод гардидан аз андози ягонаи замин дар соли 2021 хеле хушҳол гардиданд. Зеро ин иқдоми саривақтии Сарвари давлат барои самаранок истифода намудани замин ва то се ҳосил рӯёнидан аз заминҳои корами обӣ, наздиҳавлигӣ ва ёрирасон нақши асосӣ мегузорад. Дар вохӯриҳо сокинони деҳот гуфтанд, ки бо маблағи андози ягонаи замин соли равон нуриҳои менералӣ ва заҳрхимикатҳо харида, аз заминҳои кишоварзӣ ҳосили баланд мерӯёнанд.
Намояндагони гурӯҳи корӣ дар асоси дастуру супоришҳо ва муждаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат вобаста ба рушди соҳаи кишоварзӣ, сайёҳӣ, пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон, оила ва рушди варзиш, пешгирии ифротгароӣ дар байни ҷавонон, ҷудошавии оилаҳо, сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ва созандагию бунёдкорӣ бахшида ба сисолагии Истиқлоли давлатӣ бо аҳолӣ суҳбат намуда истодаанд.
Иҷрокунандаи мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Шаҳринав Бибиҳанифа Ҷабборова изҳор намуд, ки “Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо, бонувон роҳкушои зиндагӣ мебошанд. Паёми навбатӣ ҳам муждаву навидҳои тоза овард, зеро як бахши он ба баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар сиёсати давлатӣ равона шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш зикр намуданд, ки “то вақте ман сари мансаб ҳастам, сиёсати боло бурдани мавқеи занону бонувонро дар системаи давлату сиёсат ҷонибдорӣ мекунам”. Ин дастгириҳои Пешвои миллат ба занону бонувони мамлакат рӯҳу илҳоми тоза бахшид ва мо ваъда медиҳем, ки фаъолияти худро дар партави дастуру ҳидоятҳои ин шахсияти таърихӣ ба роҳ монда, саҳми арзандаи худро дар пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон боз ҳам бештар мегузорем. Модарони ноҳияи Шаҳринав аз ин созандагию шукуфоӣ, оромию сулҳу субот, тинҷию амонӣ шукргузорӣ намуда, бо афкору андеша ва дастони гулофару меҳнати софдилона дар ободу зебо гардонидани диёри хеш ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ саҳми арзанда мегузоранд”.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






