Сокинони Ванҷ нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро сармашқи фаъолияташон қарор додаанд

Февраль 21, 2021 09:34

ДУШАНБЕ, 21.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ вохӯрии роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо фаъолони ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳру деҳот оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид. Дар ин хусус Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳабибулло Амирбекзода фаъолони ноҳияро ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, дастгирии табақаҳои ниёзманд, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, шинонидани ниҳолҳо, истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии сабабу омилҳои сар задани зуҳуроти номатлуби ифротгароӣ миёни ҷавонон ва оқибатҳои ногувори он даъват намуд.

Сокинони ноҳияи Ванҷ изҳор доштанд, ки дастуру ҳидоятҳо ва мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи фаъолият қарор дода, баҳри ободу зебо гардонидани ноҳия ва рушди бахшҳои гуногуни он содиқона талошу заҳмат менамоянд.

Февраль 21, 2021 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ