Соли 2020 дар Ҳисор 11 корхонаву коргоҳи нав бо ташкили 230 ҷойи кор фаъол гардиданд
ҲИСОР, 13.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 дар ҳудуди шаҳри Ҳисор 11 корхонаву коргоҳи нав бо ташкили 230 ҷойи кор ба фаъолият шурӯъ намуданд. Корхонаҳо асосан ба соҳаҳои саноати масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ ва дӯзандагӣ нигаронида шуда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат менамоянд. Айни замон дар шаҳри Ҳисор 74 адад корхонаҳои саноатӣ мавҷуданд, ки фаъолияти худро асосан дар самти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноати сабук, нӯшокии машруботӣ, маҳсулоти нафтӣ, оҳан ва маводи сохтмонӣ ба роҳ мондаанд.
Дар ин бора раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода 12 феврал зимни нишасти матбуотӣ изҳори назар намуд.
Зикр шуд, ки соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 261,7 миллион сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш бо дарназардошти нархҳои амалкунанда дар сатҳи 107,4 фоиз таъмин гардид.
Шарифҷон Ҷумъазода баён дошт, ки дар шаҳри Ҳисор бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 767 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 422 адади он ба истифода дода шудаанд.
Сармеъмори шаҳри Ҳисор Тоҷиддин Шамсуддинов зимни нишасти матбуотӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки баҳри дастгирии соҳибкорону сохторҳои буҷетии шаҳр ҷиҳати бунёди иншооти ҷашнӣ бо дастгирии раиси шаҳри Ҳисор ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи корхонаҳои лоиҳакашӣ ба 23 муассисаи таълимӣ, 17 иншооти тиббӣ ва зиёда аз 20 нафар соҳибкорону раисони маҳаллаҳо барои бунёди варзишгоҳҳо, чойхонаҳо, сартарошхонаҳо ва дигар намуди иншоот лоиҳаҳои ройгон дода шуданд. Маблағи умумии ин лоиҳаҳои сохтмонӣ зиёда аз 450 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






