Сомон Ҳабибов дар мусобиқа барои дарёфти ҷоизаи Вазорати мудофиаи Россия ба гирифтани медали тилло шарафёб шуд

Февраль 24, 2021 16:30

ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва КМВА   оид ба бокс, хизматчии ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, курсанти соли дуюми Омӯзишгоҳи олии ҳарбии ҳавоӣ-десантии фармондеҳии гвардияи Рязан ба номи генерали артиш Маргелов Сомон Ҳабибов 21 феврал дар мусобиқаи минтақавӣ оид ба муштзанӣ барои дарёфти ҷоизаи Вазорати мудофиаи Россия ба гирифтани медали тилло шарафёб гардид. Дар ин бора аз Федератсияи бокси  Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.

Ин мусобиқаи варзишӣ  байни хизматчиёни ҳарбӣ ва курсантҳои макотиби олии низомии Вазорати мудофиаи Россия ва воҳидҳои махсуси Вазорати мудофиаи ин кишвар  дар сатҳи баланд баргузор шуд. Дар рақобати финалии вазни 60 кг Сомон Ҳабибов ба муштзан Никита Ребров аз шаҳри Санкт-Петербург — курсанти Донишкадаи ҳарбии тарбияи ҷисмонии Вазорати мудофиаи Россия дастболо шуд.

Хотиррасон мешавем, ки то замони дохил шудан ба мактаби олии ҳарбӣ Сомон Ҳабибов назди мураббӣ Мирзо Шамсиев тамрин мекард.

Сомон Ҳабибов айни замон аз ду дастаи муштзании КМВА (ССКА) ва «Дастаи бокси Неруҳои ҳавоӣ-десантӣ (ВДВ)»  намояндагӣ мекунад.

Февраль 24, 2021 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд