Таҳти унвони «Пешвои миллат-поягузори Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.02.2021. /АМИТ “Ховар”/. Бо ибтикори КИМ ҲХДТ ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Пешвои миллат-поягузори Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиш доир гардид.
Дар ҳамоиши мазкур нахуст ҳамаи афсарон ва курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилиро ба муносибати 28-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ самимона табрик гуфтанд.
Бо қаноатмандӣ ва сарафрозии зиёд аз саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Артиши миллӣ ёдовар шуда, зикр шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакати мо дар заминаи хушку холӣ аз сифр бунёд гардид. Бо гузашти солҳо бо сиёсати хирадмандонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз Артиши миллӣ ба неруи тавоно табдил ёфтааст.
-Вазъи ноустувори сиёсии ҷомеаи ҷаҳон моро водор месозад, ки беш аз ҳарвақта барои таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ кӯшиш намоем. Дар самти нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо заҳматҳои шабонарӯзии кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ муассир арзёбӣ гардид. Саҳми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар омода намудани кадрҳои болаёқати соҳа хеле назаррас аст,- гуфта шуд дар ҳамоиши мазкур.
Иброз гардид, ки сол ба сол дар қисмҳои низомӣ шароит беҳтар гардида, ҷавонон бо амри дил ва ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ сафарбар мешаванд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






