Тоҷикони Шарқи Дур шириниву шевоии забони тоҷикиро муаррифӣ карданд

Февраль 27, 2021 10:40

ДУШАНБЕ, 27.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал дар  Театри мусиқӣ — мазҳакавии кишвари Хабаровски Федератсияи Россия  бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ  фестивал таҳти унвони  «Забони модарӣ — ҳастии мардум» ( Родной язык — душа народа ) баргузор гардид.

Тавре хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбарги БОҚӢ иттилоъ медиҳад, дар ин чорабинии пуршукӯҳ, ки бо   ибтикори Ҷамъияти «Тоҷикони Шарқи Дур»  таҳти сарварии бонуи фаъоли тоҷик Моҳтоб Ғафурова ва дастгирии Ҳукумати кишвари Хабаровск сурат гирифт, оид ба таъриху ташаккулёбии  забони тоҷикӣ ба иштирокдорони фестивал  маълумоти  васеъ дода шуд.

Тавре М. Ғафурова изҳор дошт, аз ҷониби ҷамъият дар байни ҳамватаноне, ки дар кишвари Хабаровск кору фаъолият доранд, бо мақсади арҷ гузоштан ба  забони модарӣ ва ба дигарон муаррифӣ намудани шириниву шевогии он пайваста чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор карда мешаванд.

Сардори бахши кор бо ҷавонони ин ҷамъият   Назар Хоҷазода дар бораи таърихи забони тоҷикӣ, ба кадом оилаи забонҳои қадима мансуб будани он ва  таълифи асарҳои пурмуҳтаво бо ин забони ширину шевои шоирона баромади пурмуҳтаво кард. Гуфта шуд, ки  ҳар як соҳибзабон новобаста аз он, ки дар кадом минтақаи ҷаҳон қарор дорад, бояд барои ҳифзи забони модарӣ пайваста талош намояд ва фарзандони худро дар руҳияи дӯст доштани он талқин намояд.

Дар ҳузури иштирокчиён, ки намояндагони  халқияту миллатҳои гуногуни дар кишвари Хабаровск кору фаъолиятдоштаро ташкил медод,   аъзоёни гуруҳи  «Сомониён»-и Ҷамияти «Тоҷикони Шарқи Дур» баромад карда, забони ширини модарии худро бо шеъру суханони тоҷикона муаррифӣ намуданд.

Аз ҷумла Ёсамин Холоваи 6-сола шеъри донишманди маъруфи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино   ва   шеъри дигарро дар васфи  Пешвои муаззами миллат бо забони тоҷикӣ қироат намуд, ки  аҳли толорро ба ваҷд овард.   Хонандаи синфи 7 Робия Набиева шеър дар васфи Тоҷикистонро бо забони русӣ ва  шеъри устод Лоиқ Шералиро бо забони тоҷикӣ, ҳамчунин  Ҳайдаралӣ Шарифов  нависандаи ӯзбекзабони Тоҷикистон   шеърҳоро  бо забони тоҷикӣ ва русӣ кироат карданд.

Табиб, ҳамзамон роҳбари гуруҳи  «Сомониён»  Ҷумъахон Алишеров бо пешниҳоди ҳозирин  суруди машҳури «Ман бо духтаре вохӯрдам»-ро  бо забони тоҷикӣ ва русӣ сароид, ки он   табъи иштирокчиёни фестивалро боз ҳам хушнуд гардонид.

Дар анҷом   ташаббускорони баргузории ин фестивал изҳор доштанд, ки иштироки фаъол дар чунин чорабиниҳо агар аз як тараф аз  ҳуввияти баланди ҳамватанони дар Шарқи Дур будаамон дарак диҳад, аз ҷониби дигар барои муаррифии номи неки миллати тоҷик ва  забони ноби он, ки яке аз қадимтарин забонҳои рӯи олам аст, таъсири мусбат хоҳад расонид.

Февраль 27, 2021 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид