Ҳукумати Полша барои шаҳрвандони Тоҷикистон бурсияи таҳсилиро дар доираи барномаи Лэйна Киркланд дар соли 2021 пешниҳод намуд
ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Полша барои шаҳрвандони Тоҷикистон бурсияи таҳсилиро дар доираи барномаи Лэйна Киркланд барои олимони ҷавон, кормандони соҳаи илму маориф дар соли 2021 пешниҳод намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Барномаи мазкур кумакпулии моҳона, пардохти сарфаи ҷойи хоб, маблағи роҳкиро, суғуртаи тиббӣ ва дигар хароҷоти дахлдорро барои муҳлати иштирок аз 4 то 9 моҳро пешбинӣ менамояд.
Барнома аз ду семестр иборат буда, дар яке аз 5 муассисаҳои таълимии Полша дар шаҳрҳои Варшава, Краков, Врослав, Познан ва Любинро дарбар мегирад.
Муҳлати охирин ҷиҳати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба барномаи мазкур то санаи 1 марти соли 2021 мебошад.
Талаботҳо ба номзад:
— шаҳрванди Ҷумхурии Тоҷикистон будан;
— дар вақти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо бояд дар Ҷумҳурии Полша
қарор надоштан;
— доштани таҳсилоти дараҷаи магистр ва ё ба он баробар;
— сину соли то 40 сола;
— донистани забони англисӣ;
— ҳадди ақал доштани 2 сол таҷрибаи касбӣ;
— ду сол фосила аз соҳиб шудан ба бурсияи кишвари дигар;
Номзадон метавонад тафсилоти бештарро аз сомонаи www.kirkland.edu.pl дастрас намуда, ҳуҷҷаторо мустақиман хонапурӣ кунанд ва ба он ҷониб тариқи почтаи электронӣ ба барномаи мазкур ирсол намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






