Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон: Дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муроҷиатҳои сайёр гузаронида шуданд

Февраль 4, 2021 11:47

ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бемории сироятии COVID-19 дар баробари дигар соҳаҳои муҳими давлатӣ ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир намонд. Мо дар  заминаи пандемияи ҷаҳонӣ дар якчанд  шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо сафарбарнамоии кормандон нуқтаҳои муроҷиатҳои сайёр ташкил кардем, ки тамоми муроҷиатҳои шаҳрвандон шунида шуда, ба аксари онҳо ҷавобҳои  қонеъкунанда пешниҳод гардид. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ба хабарнигорон изҳори назар намуд.

У. Бобозода гуфт, ки соли 2020 тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (ВҲИ), муроҷиатҳои шаҳрвандон, нақшаи кори гурӯҳи мониторингӣ ва супориши ВҲИ 63 (с.2019 — 92) санҷишу мониторинг ва боздидҳо гузаронида шуд.

Зикр гардид, ки ҳамкории ВҲИ бо мақомоти давлатӣ, шарикони байналмилалӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар бахшҳо идома дорад. Дар ин давра бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ аз тарафи роҳбарияти мақомот ва кормандони дастгоҳи он бо намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони байналмилалӣ 28 вохӯрию суҳбатҳои судманд ва 5 онлайн-ҷаласа анҷом дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои таъмини ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон соли 2009 ифтитоҳ карда шуд. Инчунин соли 2008 Қонуни ҶТ «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» қабул шуд.

Февраль 4, 2021 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст