Вазири тандурустии Тоҷикистон бо фаъолияти муассисаҳои тиббии якчанд ноҳияҳо шинос шуд
ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар ноҳияҳои Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, ноҳияи Рӯдакӣ ва дар Ваҳдат бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ, таъмири шуъбаҳои бемориҳои сироятӣ ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шинос шуд.
Тавре маркази матбуоти вазорат иттилоъ медиҳад, дар ноҳияи Фархор Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулин дастурҳои мушаххас дод, то сохтмони шуъбаи бемориҳои сироятии бемористони марказии вилоят ва дармонгоҳро дар сатҳи баланд ба анҷом расонанд.
Дар беморхонаи марказии Ваҳдат Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъмири шуъбаи бемориҳои сироятиро назорат карда, инчунин бо роҳбарият ва кормандони он мулоқот намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






