Вокуниши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба суханони иддае аз ходимони сиёсии Ҷумҳурии Қирғизистон

Февраль 10, 2021 10:42

ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  гуфтаҳои  охири баъзе сиёсатмадорони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи он ки,  гӯё сарчашмаи интиқоли манбаи обанбори Торткул ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда бошад,  вокуниш нишон дод.

Аз ҷумла, дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки имруз паҳн карда шуд, омадааст: «Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суханони ахири сиёсатмадорони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи он ки гӯё макони сарчашмаи обанбори Торткул ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, эътибор дода, таъкид мекунад, ки раванди  таъйини ҳудуд ва аломатгузории cарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳанӯз ба поён нарасидааст. Музокироти ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба масъалаҳои марзӣ идома доранд.

Қитъаи қаламраве, ки сарчашма аз он мегузарад ва ба он вакили Жогорку Кенеши Қирғизистон ишора кардааст, то ба охир расидани раванди таъйини ҳудуди сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон, тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, қитъаи таъйини ҳудуд нашуда ба шумор меравад. Дар ҳоли хозир дар бораи аз сӯи як тараф ба тарафи дигар додани қитъаи мавриди баҳс сухане намеравад.

Вазорат аз сиёсатмадорони кишвари ҳамсоя даъват мекунад, ки ҳангоми додани изҳорот дар бораи марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон эҳтиёти зиёд кунанд, зеро паҳн кардани маълумоти носанҷида метавонад ба носубот кардани вазъ дар қаламрави наздимарзии ду кишвари бародар оварад.»

 

Февраль 10, 2021 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Санкт – Петербург мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид