Вокуниши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба суханони иддае аз ходимони сиёсии Ҷумҳурии Қирғизистон
ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гуфтаҳои охири баъзе сиёсатмадорони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи он ки, гӯё сарчашмаи интиқоли манбаи обанбори Торткул ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда бошад, вокуниш нишон дод.
Аз ҷумла, дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки имруз паҳн карда шуд, омадааст: «Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суханони ахири сиёсатмадорони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи он ки гӯё макони сарчашмаи обанбори Торткул ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, эътибор дода, таъкид мекунад, ки раванди таъйини ҳудуд ва аломатгузории cарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳанӯз ба поён нарасидааст. Музокироти ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба масъалаҳои марзӣ идома доранд.
Қитъаи қаламраве, ки сарчашма аз он мегузарад ва ба он вакили Жогорку Кенеши Қирғизистон ишора кардааст, то ба охир расидани раванди таъйини ҳудуди сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон, тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, қитъаи таъйини ҳудуд нашуда ба шумор меравад. Дар ҳоли хозир дар бораи аз сӯи як тараф ба тарафи дигар додани қитъаи мавриди баҳс сухане намеравад.
Вазорат аз сиёсатмадорони кишвари ҳамсоя даъват мекунад, ки ҳангоми додани изҳорот дар бораи марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон эҳтиёти зиёд кунанд, зеро паҳн кардани маълумоти носанҷида метавонад ба носубот кардани вазъ дар қаламрави наздимарзии ду кишвари бародар оварад.»








Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд






