16-19 март дар Душанбе Фестивали дӯстии ҷавонон баргузор мешавад

Март 15, 2021 13:50

ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16-19 март  дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ» Фестивали дӯстии ҷавонон баргузор мегардад. Дар ин бора  қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 12 марти соли равон  ба тасвиб расидааст.

 Тавре  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт  ҳамоҳангсози баргузории Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ»  муқаррар карда  шудааст.

Фестивали мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, таҳкими муттаҳидӣ, дӯстӣ ва ягонагӣ дар байни ҷавонон, инчунин табодули маълумот, таҷрибаомӯзӣ ва шиносоӣ бо ҷойҳои фарҳангию фароғатии пойтахт доир карда мешавад.

Акс аз бойгонӣ

Март 15, 2021 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд