17 март Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад

Март 3, 2021 12:10

ДУШАНБЕ, 03.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 март дар пойтахт иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад.Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 2 марти соли 2021 ба имзо расид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба рӯзномаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум масъалаҳои зерин: «Дар бораи вазъи иҷрои нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва барномаи давлатӣ дар соҳаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», «Дар бораи вазъи истифодаи моликияти коммуналӣ ва иҷрои консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025», «Дар бораи қабул ва эътироф намудани молу амволи коммуналии шаҳри Душанбе вобаста ба тағйир ёфтани сарҳади маъмурии шаҳри Душанбе», «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №62»,  «Дар бораи таъйин намудани интихобот дар ҳавзаи интихоботии №62», Дар бораи таъсис додани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе» ва «Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе» дохил карда шудаанд.

Тибқи қарори мазкур барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ  таъсис дода шуд.   Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  то санаи 15 марти соли 2021 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таклифҳои мушаххасро пешниҳод менамоянд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Март 3, 2021 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷаласаи назоратӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муассисаи таҳсилоти томактабии «Афрӯза»-ро мавриди истифода қарор доданд
Ғолибони даври шаҳрии озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд – боғи падару модар» ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд
Мақомоти шаҳри Душанбе шартномаи хариди 30 электробусро ба имзо расонид
Ҷаласаи кумитаи тадорукоти «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе» доир гардид
Ҳамкории Душанбе бо Фландрияи Шоҳигарии Белгия тақвияти бештар меёбад
Дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои Душанбе озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд – боғи падару модар» гузаронида шуданд
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ оғоз гардид
Доир ба муқовимат ба коррупсия чун кафили рушди соҳаи маориф конференсия баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар Душанбе Марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Душанбе 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад
Соли 2025 ба шаҳри Душанбе беш аз 450 ҳазор сайёҳ ворид гардид