25 март бозии марҳилаи интихобии ЧҶ-2022 байни тимҳои миллии Тоҷикистону Муғулистон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 07.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. То бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» байни тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Муғулистон 18 рӯзи дигар боқӣ монд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бозии мазкур рӯзи 25-уми март, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ин бозӣ ягона вохӯрӣ дар қораи Осиё мебошад, ки дар вақти муқарраршуда доир мешавад. Қаблан, Конфедератсияи футболи Осиё тамоми вохӯриҳои даври ҳафтуми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022-ро дар қораи Осиё мавқуф гузошта, барггузории онҳоро ба моҳи июн гузаронд.
Ёдрас мешавем, ки тими миллии Тоҷикистон омодагиро ба ин бозӣ аз рӯзи 19 март, дар Душанбе шурӯъ мекунад.
АКС аз ФФТ








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






