Ҷаласаҳои Кумитаи доимии Ассамблеяи Парлумонии СААД баргузор гардид

Март 3, 2021 15:14

 ДУШАНБЕ, 03.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаҳои Кумитаи доимии Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, оид ба мудофиа ва амният, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаҳои мазкур Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи  ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, вакилони Маҷлиси намояндагон  Мавлуда Мирзозода, Зайниддин Сафаров, Равшан Раҷабзода, Толиб Азимзода ва Юсуфӣ Маҳмадраҳим ба таври реҷаи фосилавӣ (онлайн) иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттило дод, дар ҷаласа ҳамчунин роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои аъзои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат варзиданд.

Дар рафти ҷаласаи мазкур иштирокчиёни он доираи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карда, доир ба масоили ҷорие, ки дар рӯзномаи созмон дар марҳилаи муосир матраҳ гаштаанд, мубодилаи афкор намуданд.

Дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки дар ҷаҳони муосир  хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла дар минтақаи масъулияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ афзун гардида, тақвияти бештари ҳамгироии давлатҳои аъзои созмонро дар мубориза ба ин зуҳуроти номатлуби аср дар ҳамбастагӣ тақозо менамояд.

Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин якчанд қонунҳо ва санадҳои тавсиявиро мавриди баррасӣ қарор дода, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасӣ гардида якдилона қарорҳои дахлдор, ки аҳамияти муҳими амниятӣ доштанд,  қабул карданд.

Дар интиҳои ҷаласа нақша чорабиниҳои бастаи санадҳои нав ба имзо расид, ки он барои баррасӣ зимни ҷаласаи дар пешистодаи Шӯрои  Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ пешниҳод гардид.

Март 3, 2021 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид